Мавсими ҷамъоварии тарбуз дар авҷ аст. Нархи тарбуз дар ИДМ

Мавсими ҷамъоварии тарбуз дар авҷ аст. «МИР 24» зимни таҳқиқ муайян кардааст, ки дар кадом кишвар тарбуз чӣ қадар нарх дорад.

Озарбойҷон — 1 кг 9 рубл

Тоҷикистон — 1 кг 10-20 рубл

Молдова — 1 кг 16-17 рубл

Гурҷистон — 1 кг то 20 рубл

Қазоқистон — 1 кг 20 рубл  

Арманистон — 1 кг 30 рубл

Белорус — 1 кг 40 рубл

Русия — 1 кг 50 рубл

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҳамасола беш аз 400 ҳазор дона тарбуз ҷамъоварӣ мешавад. Меваҳо дар дохили кишвар фурӯхта шуда, ба Русия, Латвия ва Литва низ содирот мешаванд. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки соли равон танҳо дар вилояти Хатлон, ки бештар аз ҳама барои парвариши ин маҳсулот мусоид аст, зиёда аз 16 ҳазор гектар замин барои парвариши ин маҳсулот ҷудо карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *