Ҷайҳун: Кӯдакон дар орзуи боғча, вале замини кӯдакистон фурӯхта шуд

Аз шумораи беш аз 22 ҳазор кӯдак дар ноҳияи Ҷайҳун 240 нафар ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанду халос. Боқимонда дар орзуи рафтан ба кӯдакистонанд. Вале, мутаассифона, дар ин ноҳия, ки беш аз 146 ҳазор ҷамъият дорад, ҳамагӣ ду муассисаи томактабӣ фаъолият доранду халос.

Фарогирӣ кам аст

Маҳмадулло Ҳабибуллоев, мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун дар суҳбат бо рӯзномаи “Тоҷикистон” гуфт, ки 380 нафар ба Марказҳои инкишофи кӯдак ва 240 кӯдак ба муассисаҳои томактабӣ ҷалб шудаанд. Ӯ мегӯяд, ки дар ноҳия ду кӯдакистон фаъолият доранду халос. Ҳоло фарогирии кӯдакон ба кӯдакистон панҷ дарсад аст, ки ин дар ҳақиқат кам аст.

“Кӯдакон бо хӯрок таъминанд. Буҷети маҳаллӣ мувофиқи харҷномаи солона маблағи муассисаҳои таълимиро сари вақт пардохт мекунад”,- афзуд ӯ.

Нонро аз хона меоранд. Раис огоҳ аст

Дар ҳамин ҳол, Гулрухсор Сафарова, мудири муассисаи томактабии рақами яки ноҳияи Ҷайҳун дар суҳбат гуфт, ки муассиса мувофиқи харҷномаи солона аз буҷети маҳаллӣ ва ҳиссаи волидон маблағгузорӣ мешавад. Ӯ афзуд: “Барои як кӯдак дар як рӯз 2 сомониву 30 дирам ҷудо мешавад, ки ин кам аст. Ростӣ, кӯдакон нонро аз хона меоранд. Аз ин масъала раиси ноҳия огоҳ аст. Агар харҷи харидории нон аз ҳисоби муассиса бошад, маблағ барои харидани дигар маҳсулот ба таври зарурӣ намерасад”.

Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулони шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун иддао доранд, ки кӯдакон нонро аз хона намеоранд.

Замини кӯдакистонро кӣ гирифт?

Масъалаи дигаре, ки воқеан ҷойи нигаронӣ дорад, ин ба сокинон додани қисме аз замини муассисаи томактабии рақами як мебошад. Як корманди кӯдакистони болозикр бо шарти зикр накардани номаш гуфт, ки “замини муассиса беш аз як гектар буд, вале чанд сол пеш 0,44 гектари он ба сокинон дода шудааст ва онҳо аллакай хона сохтаанд”.

Аммо Маҳмадулло Ҳабибуллоев, мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун аз ин масъала изҳори бехабарӣ карда, гуфт: “Ростӣ, нисбати ба дигар кас додани замини муассиса ман маълумоти муффасал надорам”.

Анзурат Назарзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун гуфт, он замине, ки ба сокинон дода шудааст, дар сертификати муассиса нест: “Вақте ки дар сертификат нишон дода нашудааст, мо даъво карда наметавонем”.

Суҳбат дарди сар мешавад

Саидҷаъфар Шарифзода, раиси Кумитаи идораи замин барои суҳбат дар мавзӯи додани замини муассисаи томактабӣ ба сокинон суҳбат кардан нахост. Ӯ гуфт: “Танҳо ҳаминро медонам, ки замин замини муассиса аст. Сокинон онро солҳои пеш, тахминан соли 2010 гирифтаанд. Масъала масъалаи нозук аст, агар суҳбат кунем, дарди сарамон мешавад”.

Сафаралӣ Сатторов, директори Корхонаи давлатии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул низ аз суҳбати расмӣ худдорӣ кард. Ӯ низ аз ин масъала огоҳ буда, мегӯяд, ки “чанд маротиба шаҳрвандон барои дуруст кардани ҳуҷҷат ба идораи мо муроҷиат карданд. Вале ҳанӯз муроҷиати онҳо қонеъ карда нашудааст”.

Таваҷҷуҳ кам аст?

Мутаассифона, бо гузашти беш аз даҳ сол ҳанӯз касе аз масъулин камтарин талошро накарданд, то замини муассисаи томактабӣ дубора ба тобеияти кӯдакистон гузаронида шавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки додани замини муассисаҳои таълимӣ ба каси дигар мувофиқи қонунҳои амалкунандаи кишвар манъ аст. Дар ин баробар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ва боло бурдани сатҳи таълиму тарбияи кӯдакон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир карда, маорифро дар Тоҷикистон соҳаи афзалиятнок гуфтаанд.

Ҳоло интизори посух ва аксуламали шахсони масъулем.

Машраби АЛОВИДДИН, “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *