Президенти Кипри Шимолӣ ба донишҷӯи тоҷик медал дод

Донишҷӯ аз Тоҷикистон Абдуҳаким Абдусамадов беҳтарин хатмкунандаи Донишгоҳи Шимолии Баҳри Миёназамин дар Кипри Шимолӣ эътироф шуд. Медали махсусро ба ӯ шахсан президенти ин кишвар Эрсин Татар тақдим кард.

Абдуҳаким соли 2019 ба ин донишгоҳ дохил шуда, соли аввал тариқи онлайн таҳсил кард, лекин бо вуҷуди ин, донишҷӯи соли факултаи муҳандисии донишгоҳ дониста шуд.

Се соли минбаъда низ Абдуҳаким ба чунин унвон сазовор дониста шуда, имсол пеш аз хатм ба ӯ барои хониши аъло медали махсус супурданд.

Балли миёнаи CGPA-и ӯ 3.99 балл аз 4 балли имконпазирро ташкил дод.

Абдуҳаким Литсей барои кӯдакони болаёқат дар Душанберо хатм намуда, забони англисиро хеле хуб медонад.

Бобои Абдуҳаким академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон Мунъим Абдусамадов аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *