Чаро Зулайхо ҷарроҳии пластикӣ кард?

Таи як моҳи охир дар сомонаҳои иҷтимоӣ сару садоҳо атрофи ҷарроҳии пластикӣ кардани Зулайхо ҷомеаи интерентиро такон дод. Дар баробари ин, хонандагони  ҳафтаномаи Оила низ ба идора занг зада  мегӯянд, ки рост аст, ки Зулайхо аз биниаш норозӣ будаасту онро дигар кардааст. Ба монанди ин саволҳои зиёд ирсол гардид, ки дар ин маврид дар як сабти видеоиаш чунин гуфтааст:

Вақте суратҳои худро дар саҳифаҳои иҷтимоиам мегузоштам, поёни он мухлисонам зиёд менавиштанд ва наметавонистам, ки ҳар яки онро фаҳмонам, ки ман ин корро ба чи хотир кардам. Як чанд сол пеш ҳис кардам, ки нафаскашиам мушкилӣ дорад. Чун сароянда ҳастам аз ин хотир бояд нафаскашиам озод бошад. Тасмим гирифтам, ки ин мушкилиамро ҳал намоям. Пас аз ҷарроҳи чунин ҳиссиётеро дарк кардам, ки гӯё нав таваллуд шуда бошам.

Зимни суҳбат қайд кардааст, ки пеш аз ҷарроҳӣ духтурон гуфтанд, ки шакли биниат дигар мешавад. Дар аввал розӣ нашудам, чунки мухлисонам маро чунин мешиносанд, вале илоҷ надоштаму розӣ шудам. Тақрибан 4 моҳ пеш ҷарроҳиро дар шаҳри Маскав гузаронида буданд. Баъд аз ҷарроҳӣ зиёда аз ду ҳафта бароям мушкил буд. Вақте чеҳрамро мекушоданд,  ба атрофиён гуфтам, ки росташро гӯед хушрӯ шудам? (механдад) Онҳо тавсиф мекарданд, ки хеле хушрӯ шудаӣ. Ҳамонҷо гуфтам, ки дигар ҳеҷ гоҳ ба чеҳраам тағйирот ворид нахоҳам кард. Баъд аз ҷарроҳи дар зери аксҳоям бисёр менавиштанд, ки Зулайхои пештара хушрӯ буд, лекин мақсади ман зебогӣ нею саломатӣ буд.  Маро дар ин сафар хоҳарам ва чанд аз дӯстонам ҳамраҳӣ мекарданд, гуфт Зулайхо.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *