Чемпиони мутлақи бадансозӣ дар Тоҷикистон

Дар пойтахти кишвар чемпионати Тоҷикистон оид ба бадансозӣ (бодибилдинг) баргузор гардид, ки дар он душанбегӣ Рамшед Ҳабибов ғолиби мутлақ дониста шуд.

Дар чемпионати Тоҷикистон-2017 зиёда аз 40 танумандон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат карданд. Дар финали мутлақи мусобиқа ғолиби чор вазн ширкат доштанд. Дар вазни 65 кг Воҳид Равшанов, дар вазни 75 кг Фазлиддин Муҳаммадиев, дар вазни 85 кг Амриддин Нуриддинов ва дар вазни +90 кг Рамшед Ҳабибов беҳтарин дониста шуданд.

Бояд гуфт, ки дар ин мусобиқа чемпиони мутлақи кишвар оид ба бадансозӣ маълум шуд. Рамшед Ҳабибов соҳиби унвони чемпиони мутлақ гардид.

Ёдовар мешавем, ки аввалин чемпиони ҷумҳурӣ дар ин намуди варзиш Бахтовар Ҷабборов буд. Се соли дигар унвони чемпионӣ ба Азиз Азизов тааллуқ дошт. Баъди ӯ Хуршед Толибов соҳиби ин унвон шуд. Дар соли 2014 ғалаба насиби Фирдавс Дӯстов шуда буд. Баъд боз Хуршед Толибов беҳтарин дар бадансозии Тоҷикистон ва қораи  Осиё дониста шуд. Инак, ӯ ҷойи худро ба Рамшед Ҳабибов дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *