Чин дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти нави марзӣ месозад

Дар минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон бо маблағгузории пурраи Ҳукумати Чин 9 иншооти нави марзӣ бунёд мешавад. Арзиши умумии ин тарҳ тақрибан 569 миллион сомонӣ буда, тамоми хароҷоти сохтмон аз ҷониби Чин таъмин мегардад.

Тибқи шартҳои лоиҳа, ҷониби Тоҷикистон барои озод кардани таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ аз андозҳо, боҷҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ масъул мебошад.

Лоиҳаи мазкур 4 март дар ҷаласаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва тасдиқ шудааст. Ба гуфтаи муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Муродалӣ Раҷабзода, татбиқи лоиҳа дар се марҳила сурат мегирад ва марҳилаи дуюми он аллакай бо номаҳои табодулӣ ба имзо расидааст.

Майдони умумии сохтмони иншоот 17 ҳазору 109 метри мураббаъ-ро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди ин, минтақаҳои дақиқи бунёди иншоот ҳанӯз эълон нашудаанд.

Тибқи иттилоъ, ҷониби Чин барои гузаронидани корҳои таҳқиқотӣ ва тарҳрезии лоиҳа, таъмин бо таҷҳизоту маводи зарурӣ, фиристодани муҳандисон, насб ва танзими таҷҳизот, инчунин таъмин намудани иншоот бо барқ, об ва дигар зерсохторҳои ёрирасон масъул аст.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи аввали ин тарҳ солҳои 2017–2018 дар ҳамин минтақаҳо бо маблағгузории Чин 12 иншооти марзӣ бунёд шуда буд. Ҳадафи лоиҳа таҳкими шароити моддӣ-техникии Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *