Шумораи вежаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бахшида ба 80-солагии Толибхон Шаҳидӣ

Шумораи вежаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бахшида ба 80-солагии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, бастакори маъруфи ҷаҳонӣ Толибхон Шаҳидӣ дар 16 саҳифа бо матолиби ҷолибу хонданӣ, мусоҳибаҳо ва аксҳои нодир бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба табъ расид.

Дар ин шумора табрикоти раисони Иттифоқи композиторони Тоҷикистону Русия – Амирбеки Мӯсо ва Александр Чайковский, номаҳои шодбошии директори Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон Камолиддин Сайфиддинзода ва директори генералии “Большой театр”-и Русия Валерий Гергиев, нигоштаҳои оҳангсозон ва навозандагони маъруф – Роман Леденёв, Владислав Агафонников, Карен Хачатурян, Дмитрий Шостакович, Тихон Хренников, Денис Матсуев, Қудратулло Яҳёзода, Зарина Миршакар, Лола Толис, Геннади  Толстенко, мақолаҳои санъатшиносони шинохта – Лола Джуманова, Инесса Гулзарова, Манзура Ҳасанова, Уилрих Хартман, Баҳринисо Қобилова, бардоштҳои адибону олимон – Мирсаид Миршакар, Ҳомид Мансуров, Мунира Яъқубова, мақолаву мусоҳибаҳои рӯзноманигорон – Владимир Соловёв, Гулнора Амиршоева, Одил Нозир нашр шудаанд.

 Ҳамчунин, хотираҳои ҳамсари композитор Гулсифат Шаҳидӣ ва табрикоти фарзанди ӯ Ҳофиз Шаҳидӣ ин шумораро хонданӣ кардаанд. Порча аз роман-зиндагиномаи тозанашри Шариф Ҳамдампур – “Агар…” низ дар ин вежашумора ба табъ расидааст.

Рӯйихати комили асарҳои Толибхон Шаҳидӣ – операҳо, операҳо барои кӯдакон, балетҳо, асарҳои симфонӣ, консертҳои созӣ, асарҳои камеравӣ-созӣ, созӣ-вокалӣ, мусиқӣ ба асарҳои саҳнавӣ ва филмҳо низ дар ин шумора чоп шуда, манбаъи нодир барои омӯхтани фаъолияти ин бастакори маъруф мебошад.

Харитаи консертҳои Толибхон Шаҳидӣ, ки дар ин шумора нашр шудааст, бозгӯйи шӯҳрати ҷаҳонии ин бастакори маъруф ва оламшумули тоҷик мебошад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13 марти соли равон дар Толори калони Консерваторияи Москва ба номи П.А. Чайковский бахшида ба 80-солагии Толибхон Шаҳидӣ консерти бошукӯҳ баргузор мешавад. Дирижёри ин консерт яке аз чеҳраҳои оламшумули мусиқӣ Валерий Гергиев буда, Оркестрҳои Театри калон ва театри Мариинкийи Русия асарҳои бастакори номвари тоҷикро иҷро мекунанд. Вежашумораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар ин консерт ба меҳмонон тақдим хоҳад шуд.

tolibhon-shaҳidӣ-80-sol

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *