Трамп ва Путин вазъи Эрон ва бозори энержиро баррасӣ карданд
Шами 9 – уми март Президенти Амрико Доналд Трамп ва Президенти Русия Владимир Путин гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд.
Ба гуфтаи Юрий Ушаков, мушовири Президенти Русия, ин суҳбат тақрибан як соат идома карда, «коршиносона, сареҳ ва созанда» будааст. Дар ҷараёни он тарафҳо вазъияти байналмилалӣ, бахусус масъалаҳои марбут ба Эрон ва Украинаро баррасӣ кардаанд.
Ушаков гуфтааст, Путин дар ин суҳбат чанд пешниҳодеро барои расидан ба ҳалли сиёсӣ-дипломатии зуд дар робита ба буҳрони Эрон баён кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ин пешниҳодҳо бар асоси тамосҳои пешинаи Маскав бо роҳбарони кишварҳои Халиҷи Форс, раиси ҷумҳури Эрон ва баъзе кишварҳои дигар таҳия шудаанд.
Аммо ҷузъиёти бештари ин гуфтугӯ нашр нашудааст.
Гуфтугӯи раҳбарон дар ҳоле сурат мегирад, ки Владимир Путин рӯзи гузашта гуфта буд, ки ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон метавонад ба буҳрони энержӣ дар ҷаҳон сабаб шавад.
Дар нишасте бо мақомҳои давлатӣ ва ширкатҳои нафту гази Русия, Путин ҳушдор дод, ки тавлиди нафт, ки ба интиқол аз тариқи тангаи Ҳурмуз вобаста аст, метавонад ба зудӣ комилан қатъ гардад. Ӯ афзуд, Русия омода аст барои коҳиши буҳрон ва таъмини бозори Аврупо бо нафту газ кумак кунад.
Ҳамзамон, хабаргузории «Ройтерз» гузориш дод, ки Вашингтон масъалаи сабук кардани таҳримҳо алайҳи нафти Русияро барои ҷилавгирӣ аз болоравии нархи ҷаҳонии энержӣ баррасӣ мекунад.
Рӯзи 9-уми март дар пайи шиддат гирифтани даргириҳо дар Ховари Миёна, нархи як бушка нафти навъи Brent беш аз 25 дарсад боло рафта, ба наздики 120 доллар расида буд, Аммо баъдан дар идомаи рӯзи 10 март нарх боз поина ба 100 доллар расидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ