Шакарханд. Дар баҳси адаб кашидам аз гӯши худам…

БАЙТЕ БА ПАЙТЕ

Аспи шатранҷи хирад дигар набошад пешрав,

Харсаворони харандешанд акнун пешдав.

***

Барои ҳаҷви раисон ҷазо диҳад қонун,

Барои мадҳи раисон ҷазо диҳад гардун!

***

Зиёӣ ӯ намояд ҳам, зиёфат хӯрда чолок,

Ба дастурхони мардум дасти худро мекунад пок.

***

Дина аллома туро хонд ҳама дар ҳар кор,

Навбати мо ба хушомад нарасид, эй саркор!

***

Дар баҳси адаб кашидам аз гӯши худам,

Нашнид гапи маро ба ҷуз гӯши худам.

Раҳмат Назрӣ

АТКАЗ

Кардем зи андешаи нопок атказ,

Аз ҳамраҳии ҳар каси “бебок” атказ.

Зинҳор намекунем аммо як дам

Аз хӯрдани севу олуву нок атказ.

Дар сагҷакиши авал бубояд кардан

Аз суҳбати масти чарсу тарёк атказ.

Дар зиндаи мо қадр намондаст дигар,

Тарсам, кунад аз мурдаи мо хок атказ.

Азбаски пробкаҳо зиёд аст, кунанд

Таксиё зи рафтани Городок атказ.

Мардум ҳама атказ кунад, аммо накунанд

Варзобу Кофарниҳону Элок атказ.

Пирошкии шабмонда хӯру лек бикун

Аз хӯрдани ҳархела порошок атказ.

Сад вой ба ҳоли хонадоне, ки дар он

Кӯдак бикунад агар зи гаршок атказ.

ХАЙРАНДЕШ

БЕПУЛӢ

Моҳии дарёиям аз бепулӣ,

Оҳуи саҳроиям аз бепулӣ.

Абраю астар надорад ҷомаам,

Дур аз волоиям аз бепулӣ.

Аз ҷунун андеша кардам солҳо,

Ҳолиё савдоиям аз бепулӣ.

То кунам кому забонам шаҳдбор,

Бар дари ҳалвоиям аз бепулӣ.

Дар замини орзуи хештан

Маҳви беколоиям аз бепулӣ.

Мутаре наздам намегирад қарор,

Хаста аз раҳпоиям аз бепулӣ.

Лаҳзаҳои базми нӯшонӯш рафт,

Кафшаки сарпоиям аз бепулӣ,

Пеши хонум обрӯе доштам,

Ин замон ҳарҷоиям аз бепулӣ.

Исмоил ЗАРИФӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *