Роҳҳои супоридани гаравпулӣ барои сафар ба Амрикоро
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон гуфтааст, нафароне, ки барои раводиди меҳмонӣ ё сайёҳии Амрико (раводиди навъи В1/В2) дархост медиҳанд, гаравпулиро ба сафорат намесупоранд.
Ин ниҳод рӯзи 26-уми январ навишт, ки супоридани гаравпулӣ танҳо тариқи онлайн ва тавассути сомонаи “Pay.gov” сурат мегирад.
Манбаъ илова кардааст, ки Шуъбаи консулии Амрико пайванд барои пардохти маблағро ба аризадиҳандагоне, ки раводидашон тасдиқ шудааст, тариқи почтаи электронӣ мефиристад.
Амрико аввали моҳи январ 38 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро ба рӯйхати давлатҳое ворид кард, ки шаҳрвандонашон пас аз тасдиқи раводиди сафар бо мақсади меҳмонӣ ё сайёҳӣ ба Амрико бояд аз 5 то 15 ҳазор доллар гаравпулӣ пардохт кунанд. Ҳаҷми дақиқи маблағ барои ҳар як шаҳрванд ба таври инфиродӣ ҳангоми мусоҳиба дар консулгарӣ муайян карда мешавад.
Ин талабот барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз 21-уми январи соли равон татбиқ шуд. Онҳое, ки ин намуди раводидро дарёфт мекунанд, бояд танҳо тавассути фурудгоҳҳои шаҳрҳои Бостон, Ню-Йорк ва Вашингтон ба қаламрави ИМА ворид шаванд.
Шахсоне, ки бо чунин раводид вориди ИМА мешаванд, ҳақ надоранд бештар аз муҳлати муайяншудаи раводид дар хоки ин кишвар бимонанд. Агар шаҳрвандон бе нақзи қонунгузорӣ дар муҳлати муқарраршуда ба ватани худ баргарданд ва Вазорати амнияти дохилии ИМА инро тасдиқ кунад, маблағи гарави пардохтшуда ба онҳо бозпас гардонида мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ