Дар ДБЗХТ Маркази иттилоот, инноватсия ва рақамикунонӣ таъсис ёфт

Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Маркази иттилоот, инноватсия ва рақамикунонӣ ифтитоҳ гардид.

Ин марказ бо мақсади тақвияти фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва ҷалби донишҷӯён ба истифодаи васеи технологияҳои муосир таъсис дода шуда, имконият фароҳам меорад, то лоиҳаҳои илмӣ ва инноватсионӣ дар асоси захираҳои рақамӣ ва барномаҳои ҷаҳонӣ амалӣ гарданд.

Дар нишасти матбуотӣ, ректори донишгоҳ Жило Гулназарзода изҳор дошт, ки бо таъсиси марказ муҳити илмию таҳқиқотӣ дар донишгоҳ боз ҳам муосиртару созанда мешавад ва донишҷӯён метавонанд ба захираҳои электронии байналмилалӣ, аз ҷумла маҷаллаҳои илмии муътабари хориҷӣ ва китобхонаҳои рақамӣ, дастрасӣ пайдо кунанд.

Ҳамзамон, бо мақсади тақвияти самти таҳсил дар бахши иттилооти муосир ва расонаҳо, дар сохтори донишгоҳ кафедраи нав – журналистика ва иттилооти рақамӣ таъсис ёфтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *