Мулоқоти кории Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров дар Чолпон-Ота

Сарони кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон – Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров  рӯзи 29-уми июл дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон мулоқоти корӣ анҷом доданд.

 Дар ин дидор натиҷаҳои сафари давлатии мутақобила ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон, ҷонибҳо вазъи феълии муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамсоягӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистонро ҳамаҷониба муҳокима намуда, ба густариши робитаҳо дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аҳамияти махсус зоҳир намуданд.

Сарони давлатҳо пешбурди раванди демаркатсияи хатти сарҳади давлатии байни ду кишварро аз масъалаҳои калидӣ арзёбӣ карданд ва зарурати идомаи муколамаи созандаро дар ин самт таъкид намуданд.

Ҳамчунин, дар мулоқот масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди мубодилаи афкор қарор гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 13–14 марти соли ҷорӣ сафари давлатии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон сурат гирифта буд,  ки дар натиҷа 16 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ ба имзо расонида шуд.

Дар посух, Президенти Қирғизистон Содир Жапаров 8–9 июл ба Тоҷикистон сафари давлатӣ анҷом дода, 15 санади дигар ва Изҳороти муштарак оид ба таҳкими шарикии стратегӣ ба имзо расиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *