Дар Пекин дафтари намояндагии Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
29 июли соли 2025 дар шаҳри Пекин дафтари намояндагии Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Дар маросими ифтитоҳ намояндагони расмии Тоҷикистон ва беш аз 80 ширкати тиҷоратӣ ва саноатӣ аз шаҳрҳои мухталифи Чин иштирок карданд.
Ифтитоҳи дафтари мазкур бо ҳадафи тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Чин, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ ва рушди робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории ду кишвар анҷом дода шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ