Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон миниэкскаватор ҳам месозанд

Соли  сипаришуда Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимиро 2172 нафар донишҷӯ хатм намудааст, ки  аз онҳо 1972  бакалавр, 73 мутахассиси таҳсилоти олӣ дошта ва 160 магистр мебошад.

Дар ин бора имрӯз Сафаралӣ Гадоев, ноиби аввали ректор оид ба таълими донишгоҳи мазкур зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи номбурда аз шумораи умумӣ 33 нафар донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуд, ки ин дар ҳаҷми 1,5%- ро аз шумораи умумии хатмкунандагон ташкил медиҳад.

Олимони донишгоҳ тадқиқотҳоро дар самти илмҳои бунёдӣ ва амалӣ роҳандозӣ менамоянд, ки ба ҳалли масоили ҳалталаб ва мубрами хоҷагии халқ равона шудааст. Соли сипаришуда дар донишгоҳ ҳафт лоиҳаи буҷавӣ-фармоишӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мавриди иҷроиш қарор гирифтанд, ки маблағи умумии онҳо 227 382 сомониро ташкил медиҳад.  Инчунин, се лоиҳаи дигар аз Фонди Президентӣ маблағгузорӣ мешаванд.

Парки технологии  донишгоҳ давоми фаъолияташ бо 20 корхонаву муассисаҳои ҷумҳурӣ қарордодро оид ба иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ, омӯзишӣ ва истеҳсолӣ ба имзо расонидааст.

Айни замон аз тарафи парки технологӣ намунаи таҷрибавии воситаи техникаи хурди сохтмонию роҳсозӣ — миниэкскаватор сохта шуда, баъди пурра аз озмоиш гузаштан, мавриди истифода дар истеҳсолот қарор мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *