Дар Душанбе ду ҳолати ташкили фоҳишахона ошкор шуд
Мақомоти корҳои дохилӣ дар пойтахт аз ошкор шудани ду ҳолати ҷудогонаи ташкили фоҳишахона хабар доданд.
Ба иттилои полис, Файзулло Шафиев, сокини 41-солаи шаҳри Душанбе, ҳамчун гумонбар боздошт шудааст. Гуфта мешавад, ӯ манзили истиқоматии худро дар кӯчаи Маяковский ба фоҳишахона табдил дода, аз ин ҳисоб манфиати молиявӣ ба даст меовардааст.
Ҳамчунин дар ноҳияи Шоҳмансур сокини пойтахт Диловар Ғазиев ду манзили истиқоматиро дар кӯчаи С. Айнӣ ба иҷора гирифта, онҳоро ба шаҳрвандони дигар ба муҳлати як ё ду шабонарӯз иҷора додааст. Ба иттилои мақомот, дар ин манзилҳо барои қонеъ намудани нафси шаҳвонӣ шароит фароҳам оварда мешудааст.
Нисбати ҳар ду гумонбар тибқи моддаи 239 Кодекси ҷиноятӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ