Боздошти марде бо 1200 ҳабҳои психотропӣ дар пойтахт
Мақомоти милитсияи пойтахт сокини шаҳри Душанбе Қосимов Фозилро ҳангоми фурӯши дорувориҳои сахттаъсири психотропӣ дастгир карданд.
Ба иттилои масъулон, номбурда на танҳо ба хариду фурӯши ҳабҳои навъи «Лирика» машғул будааст, балки худаш низ ин маводи зарароварро истеъмол мекардааст.
Ҳангоми кофтуков аз ӯ дар маҷмуъ 1200 адад ҳабҳои психотропӣ дарёфт ва мусодира шудааст.
Мақомоти милитсия нисбат ба дастгиршуда маводи зарурӣ тартиб дода, барои андешидани чораҳои қонунӣ ба мақомоти дахлдор ирсол намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ