Дар Душанбе муҷассамаи майори милитсия Мулло Нуров гузошта мешавад

Бо мақсади гиромидошти хизматҳои содиқонаву софдилона ва саҳми арзандаи майори милитсия Мулло Нуров дар таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани нуфузи милитсияи тоҷик, дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Садриддин Айнӣ 1, ноҳияи Шоҳмансур, дар ҷойи собиқ бинои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муҷассамаи номбурда гузошта мешавад.

Тавре Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ин иқдом нишони арҷгузорӣ ба фидокорӣ, садоқат ва хизматҳои шоистаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, барои наслҳои оянда ҳамчун намунаи ҷасорату мардонагӣ, масъулиятшиносӣ ва вафодорӣ ба касб хизмат хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки майори милитсия Мулло Нуров солҳои тӯлонӣ ҳамчун корманди бозрасӣ дар сафи мақомоти милитсияи пойтахт фаъолият намуда, дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва муносибати самимӣ бо шаҳрвандон саҳми арзанда гузоштааст.

Манбаъ меафзояд, ки бунёди муҷассама бо гулгашт ба зиммаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе вогузор гардида, он бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, ҳамчун макони таърихӣ ва саёҳат ба сокинону меҳмонони пойтахт ва хориҷӣ хизмат хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *