Дар Душанбе муноқишаи хонандагон бо марги як наврас анҷом ёфт
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз як ҳодисаи фоҷиабор байни гурӯҳи хонандагон хабар дод, ки боиси марги як наврас шудааст.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД, 9 ноябри соли 2025 дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ, миёни гурӯҳи ноболиғон муноқиша сар зада, дар натиҷа як нафар ба ҳалокат расидааст.
«Зимни тафтишоти пешакӣ муайян карда шуд, ки наврасон ҳангоми муноқиша аз предметҳои халандаю бурранда, махсусан корд истифода намудаанд», – омадааст дар иттилоияи Раёсати ВКД шаҳри Душанбе.
Манбаъ афзудааст, ки Раҳматшозода Н., бо сабаби нофаҳмиҳои лафзӣ, ки қаблан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо Раҷабов А. доштааст, миёни онҳо муноқишаи гурӯҳӣ ташкил шудааст. Дар ҷараёни занозанӣ Раҳматшозода ба қисматҳои гуногуни бадани Раҷабов зарба зада, ӯро ба ҳалокат расондааст.
Дар натиҷа, Раҷабов А., хонандаи синфи 10-уми мактаби рақами 78 ҷон бохта, Шарифов Ш., донишҷӯи Коллеҷи информатика ва техникаи компютерӣ бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол ёфтааст. Ба гуфтаи табибон, вазъи саломатии ӯ ҳанӯз ҳам вазнин арзёбӣ мешавад.
Манобеи огоҳ ба расонаҳо иттилоъ додаанд, ки дар ин муноқиша хонандагони чанд мактаб иштирок доштаанд. Ҳодиса дар наздикии мактабҳои №77 ва №78 ва дар маҳаллаи микроноҳияи 65 рух додааст.
Айни замон Раҳматшозода Н. ҳамчун гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ тибқи моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қасдан расонидани марг) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, ки таҳқиқи пурраи ҳодиса, муайян кардани дигар иштирокдорон ва сабабҳои сар задани муноқиша идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ