Дар Хатлон рухсатпулии омӯзгорон пурра пардохт шудааст

Дар вилояти Хатлон пардохти рухсатпулии омӯзгорон пурра анҷом ёфт. Тавре Аъзамҷон Чиллазода, сардори Сарраёсати Вазорати молияи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj иттилоъ дод, аз охири моҳи май то охири моҳи июли соли равон тамоми маблағҳои пешбинишуда ба омӯзгорон расонида шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, маблағи умумии рухсатпулӣ 317 миллион сомониро ташкил дод. Дар соли 2024 ин нишондиҳанда 219 миллиону 852 ҳазор сомонӣ буд, вале бо зиёд шудани маоши омӯзгорон то 40 дарсад, ҳаҷми рухсатпулӣ низ афзоиш ёфт.

Дар ҳоли ҳозир, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 1 ҳазору 401 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, дар онҳо 48 ҳазору 373 омӯзгор ба таълиму тарбия машғуланд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *