Мулоқоти Трамп ва Путин дар Аляска

Каролин Левит, сухангӯи Кохи Сафед эълон кард, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико субҳи рӯзи ҷумъа, 15-уми август ба шаҳри Анкориҷи иёлати Аляскаи Амрико меравад, то дар музокироти дуҷониба бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ширкат кунад. Ин хабарро Кремл низ тасдиқ кардааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Кохи Сафед, рӯзномаи музокира дар ҳоли омода шудан аст ва ин нишаст барои раисҷумҳури Амрико имкониятест, ки мавқеи ҳамтои руси худро мустақим шунавад.

Бояд гуфт, то кунун ҳеҷ ҷузъиёти ба таври расмӣ дар мавриди хостаҳои эҳтимолии Путин дар музокирот бо Трамп нашр нашудааст.

Қаблан Кремл эълон карда буд, ки мавзуи асосии музокироти Путину Трамп ҷустуҷӯи роҳи ҳалли дарозмуддати буҳрони Украина хоҳад буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *