Дар Хуҷанд радио шуданавандагонро ройгон то манзил бурд

Радиои «Пайванд» рӯи мавҷи 100.6 FM дар Хуҷанд лоиҳаи ҷадиди «Ҳамсафар»-ро манзури сомеон гардонид. Шаби 9 март шунавандагони ин радио дар баробари иштирок дар барнома инчунин бо «TAXI-plus» сомеъонро ройгон ба манзил бур.

Сӯҳбати сомеон бо ровиёни барнома раҳорав дар дохили нақлиёти ширкати «TAXI-plus» сурат гирифт ва баъди посух ба суолҳо роранда мусофиронро ройгон ба манзил бурд. Ҷамшед Маъруф, сармуҳаррири радиои «Пайванд» мегӯяд, онҳо дар ин барнома чанде аз суоли ҷолибро манзури шунавандагон гардониданд.

Ҳадафи барномаи «Ҳамсафар» низ ҳарчи бештар наздиктар шудан ба сокинон арзёбӣ карда мешавад, ки тамсим ҳаст дар аввал моҳе як ё ду бор дар пахши зинда аз соати 20:00 то 22:00 манзури сомеон гардонида шавад. Қарор аст барномаи навбатии «Ҳамсафар» дар остонаи ҷашни Наврӯз тариқи радиои «Пайванд» манзури омма гардонида шавад.

                                                                                                                                                                  Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *