Дар Конибодом барои Театри ба номи Туҳфа Фозилова бинои нав месозанд

Дар Конибодом сохтмони бинои нави Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозилова оғоз шуд. Раиси вилояти Суғд, Раҷаб Аҳмадзода, санги асоси ин бинои замонавиро гузошт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилоят.

Ҳамзамон ба роҳбари вилоят лоиҳаи маҷмааи «Конибодом сити» муаррифӣ гардид. Тарҳи маҷмаа бо риояи меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ таҳия шудааст ва сохтмони мактаб, кӯдакистон, марказҳои савдою хизматрасонӣ, майдончаи варзишӣ, истгоҳи нақлиёт ва қаҳвахона дар он пешбинӣ шудааст. Бунёди иншоот бо иқдоми ширкати сохтмонии «Империя» амалӣ гардида, баъди истифода додан барои сокинон ҷойҳои нави корӣ фароҳам меорад.

Ғайр аз ин, соҳибкорони маҳаллӣ Зафар, Зариф ва Хуршед Очилов меҳмонхонаи замонавии чорқабата бо 12 ҳуҷра барои қабули сайёҳону меҳмонон бунёд кардаанд.

Дар идома Раҷаб Аҳмадзода бо лоиҳаи сохтмони майдони Парчами давлатӣ ва тарабхона дар деҳоти Куҳандиёр низ шинос шуд.

Ин тадбирҳо барои рушди фарҳанг, ҳунар ва инфрасохтори шаҳр заминаи устувор фароҳам меоранд.

📱 Pressa.tj

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *