Гӯшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “ITB Berlin-2026”

Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии ITB Berlin 2026, ки аз 3 то 5 март дар шаҳри Berlin баргузор мешавад, иштирок дорад.

Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар доираи ин намоишгоҳ гӯшаи муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон бо сабку услуби миллӣ ташкил гардида, фарҳанг, табиат ва имкониятҳои гуногуни сайёҳии кишварро ба меҳмонон муаррифӣ мекунад.

Имсол дар намоишгоҳи “ITB Berlin” ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон маҳсулоти миллии сайёҳӣ ва афзалиятҳои рақобатпазири кишварро дар самтҳои сайёҳии экологӣ, табобатӣ ва солимгардонӣ, сайёҳии варзишӣ ва кӯҳнавардӣ, инчунин шикор ба намоиш гузоштаанд. Ҳамзамон фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимаи халқи тоҷик ба меҳмонон муаррифӣ мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *