Таҷлили Рӯзи модар дар ДМТ (аксҳо)

Бахшида ба Рӯзи модар дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид. Дар оғоз ба зиёда аз 300 нафар бонувони донишгоҳ ҳамчун рамзи эҳтиром гулҳои баҳорӣ тақдим карда шуд.

Ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода зимни суханронӣ аз дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ёдовар шуда, нақши занону модаронро дар рушди ҷомеа муҳим арзёбӣ кард.

Дар идомаи чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ ва устодони донишгоҳ бонувонро ба муносибати Рӯзи модар табрик намуданд. Ҳамчунин, ба як қатор омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯдухтарони фаъоли донишгоҳ ифтихорномаҳо тақдим гардид.

Барномаи фарҳангии ансамбли “Наврӯз” бо иштироки сарояндагони маъруфи кишвар – Нигора Холова, Сарвиноз Юсуфӣ, Умедҷони Бурҳон ва Аҳмад Асалбеков анҷомбахши чорабинӣ гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *