Дар Остона Намоишгоҳи маҳсулоти Тоҷикистон баргузор шуд

Рӯзҳои 16 – 17 августи соли равон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар намоишгоҳ беш аз 1000 тонна маҳсулот аз ҷониби кишоварзон, ҳунармандон ва корхонаҳои саноатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба намоишу фурӯш бароварда шуд.

Намоишгоҳ дар масоҳати 4 ҳазору 500 метри мураббаъ ташкил гардида, ҳадафи он муаррифии имкониятҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *