Дар роҳи Душанбе – Чаноқ барф борид

Шаби 3 ба 4-уми ноябр дар роҳи Душанбе – Чаноқ барф борида, дар наздикии нақби “Истиқлол” қабати барф то 15 сантиметр расидааст. Дар ин бора ширкати «IRS» хабар додааст.

Ба иттилои ширкат, кормандон роҳро аз барф пок мекунанд ва айни ҳол роҳ барои ҳаракати ҳама намуди нақлиёт боз аст.

 “IRS” аз ронандагон хостааст, ки ҳангоми ҳаракат қоидаҳоро риоя намоянд, зеро ин роҳ куҳӣ буда, бо фаромадани тарма хатар дорад.

Ёдовар мешавем, ки роҳи Душанбе–Чаноқ ягона масирест, ки маркази кишварро бо шимол мепайвандад ва нигоҳубини он бар дӯши ширкати «IRS» аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *