Дар рӯзҳои таҷлили Соли нав сокинони Тоҷикистон пурра барқ хоҳанд дошт
Дар ин бора Қурбон Аҳмадзода, сардори маркази матбуоти ҶСК “Барқи Тоҷик” ба “Азия Плюс”хабар додааст.
Ба гуфтаи манбаъ сокинони Тоҷикистон, дар рӯзҳои таҷлили Соли нави мелодӣ, яъне аз 30-юми декабри соли 2025 то 1-уми январи соли 2026 пурра барқ хоҳанд гирифт.
Аҳмадзода гуфтааст, ки аз 2-юми январи соли 2026 боз реҷаи маҳдудият ё “лимит”-и барқ дубора барқарор мешавад.
Инчунин, ба иттилои ӯ, пас аз таҷлили Соли нав ҳам дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар барқ қатъ намешаванд ва сокинони он бидуни маҳдудият бо барқ таъмин хоҳанд буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ