Латифаҳои солинавӣ

Туҳфа

Писарак баъди Соли нав ба холааш миннатдорӣ баён мекунад:

– Холаҷон, раҳмат барои карнайи туҳфакардаатон!

Холааш:

– Намеарзад, бачаҷон, ман онро ҳамагӣ даҳ сомонӣ харидам.

Писарак:

– Лекин барои он ки ман онро пуф накунам, падару модарам ҳар рӯз ба ман 10 сомонӣ медиҳанд!

Пул

Марде аз дӯсташ мепурсад:

– Ҷӯраҷон, ба фикрат дар Соли нав ба занам чӣ туҳфа кунам?

Дӯсташ дар ҷавоб:

– Беҳтараш инро аз занат пурс, ҷӯра.

Мард:

– Эҳа… Ман ин қадар пул надорам-дия!

Глобус

Дар сари дастархони пурнозу неъмат марде нишастааст, ки дигар чизе аз гулӯяш намегузарад. Дӯстонаш ба ӯ мегӯянд:

– Чаро нишастаӣ? Ягон хӯрок намехӯрӣ?

Мард:

– Дигар наметавонам. Шикамамро бинед, мисли глобус дам кардааст.

Дӯстон:

– Ту экскаваторатро васеътар кун охир!

Бобои Барфӣ

Ду ҳунарманд дар шаби соли нав дар нақши Бобои Барфӣ пул кор мекунанд. Якеаш аз дигарӣ хоҳиш мекунад:

– Гӯш кун, ҷӯра, ба хонаи ман рафта, кӯдаконамро табрик кун!

– Чаро худат намеравӣ?

Ҳунарманди аввала:

– Нархномаи ман қиматтар аст, охир!

Арча

Дар театр аз коргардон мепурсанд:

– Бахшиш, шумо коргардони басаҳнагузорандаи барномаи солинавӣ ҳастед?

Коргардон:

– Бале, ман. Чӣ буд?

– Чаро барномаи имсолаатон бо барномаи солинавии соли гузашта монанд аст?

Коргардон:

– Шумо чиҳо мегӯед? Соли гузашта арчаи мо ба тарафи дигар чарх мезад!

Зихна

Духтарчае ба апааш шикоят мекунад:

– Бобои Барфӣ хасис будааст!

Апааш:

– Чаро чунин мегӯӣ?

Духтарча:

– Ба ҷои он ки ба ман туҳфа биёрад, туҳфаи модарамро, ки дар ҷевон пинҳон карда буд, ёфтаву ба ман туҳфа кардааст.

Қасам

Дар сари дастархон дӯстон соли навро ҷашн мегиранд. Якеаш ҳангоми қадаҳро ба даҳон бурдан чашмонашро мепӯшад.

– Чаро ту вақти майнӯшӣ чашмонатро маҳкам мепӯшӣ?,- мепурсанд аз ӯ.

Мард дар ҷавоб:

– Ман дар назди занам қасам хӯрдам, ки аз Соли нав сар карда, дигар ҳеҷ гоҳ ба қадаҳи май наменигарам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *