Дар Шаҳритус беш аз 150 сиккаи аҳди Кӯшониён кашф шуд

Дар оғози соли 2026 дар ноҳияи Шаҳритус ганҷинаи беш аз 150 сиккаи мисии давраи Кӯшониён кашф шудааст. Дар ин бора президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, сиккаҳо аз ҷониби як сокини маҳаллӣ ҳангоми корҳои хоҷагидорӣ тасодуфан ёфт шудаанд. Ҳангоми кор дар замин ӯ ба кӯзачаи сафолӣ дучор шуда, дар дохили он шумораи зиёди сиккаҳои зангзада пайдо кардааст. Баъдан гурӯҳи таҳқиқотӣ ба маҳал сафарбар шуда, бозёфт ба Академияи миллии илмҳо интиқол дода шудааст.

Сиккашиноси тоҷик Абдувалӣ Шарифзода гуфт, омӯзиши ибтидоӣ нишон медиҳад, ки аксари сиккаҳо ба асри якуми милодӣ мансуб буда, дар давраи шоҳаншоҳи кӯшонӣ Вима Такту кӯбида шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин сиккаҳо тақрибан 2000 сол таърих доранд.

Ҳоло мутахассисони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ корҳои поккорӣ ва барқарорсозии сиккаҳоро анҷом медиҳанд. Пас аз он таҳқиқоти илмии ҳамаҷониба идома ёфта, натиҷаҳо дар нашрияҳои илмӣ интишор хоҳанд шуд. Ин ганҷина дар оянда дар Осорхонаи тамаддуни ориёӣ ба намоиш гузошта мешавад.

Коршиносон мегӯянд, чунин бозёфт метавонад маълумоти нав дар бораи таърих, иқтисод ва фарҳанги моддии ниёгони тоҷикон пешниҳод кунад. Пештар низ дар Тоҷикистон чандин бозёфтҳои давраи Кӯшониён, аз ҷумла гӯшвораи тиллоӣ дар ноҳияи Хуросон, кашф шуда буданд.

Давлати Кӯшониён яке аз империяҳои бузурги Осиёи Марказӣ дар асрҳои I–III милодӣ ба шумор мерафт. Вима Такту аз шоҳони маъруфи ин давра буда, тахминан дар солҳои 35–65 милодӣ ҳукмронӣ кардааст.

📱 Pressa.tj

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *