Дар шаҳри Душанбе фестивали «Чодари хаёл» баргузор мегардад
Моҳи октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе Фестивали 13-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак таҳти унвони «Чодари хаёл» баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, ки дар фестивали мазкур театрҳои лӯхтаки Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Русия, Беларус, Арманистон ва дигар кишварҳо иштирок хоҳанд кард.
Тавре дастандаркорони Фестивал иброз медоранд, ҳадаф аз баргузории фестивал таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи театрҳои лӯхтак, эҳё ва рушди театри суннатии лӯхтаки тоҷик, инчунин беҳбуд бахшидан ба тарбияи эстетикии насли наврас мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ