Дар Суғд бемории саратон коҳиш ёфтааст
Ҳабибулло Хайруллозода, сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки давоми соли 2024-ум дар миқёси вилоят 1499 нафар бо нишонаҳои бемории саратон ба қайд гирифта шуданд.
Ба гуфтаи масъулини тандурустии вилоят, дар Суғд бемории саратон коҳиш ёфтааст. Дар соли 2024 бошад, 645 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар умум кӯдакони гирифтори бемории саратон дар ҳудуди вилоят 357 нафаранд. Аз ин 33 ҳолати нави сироятёбӣ дар соли 2024-ум ошкор шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд мутахассисони соҳа ҷалб карда шудаанд, онҳо ба аҳолӣ дар бораи пешгирӣ аз бемории саратон ва роҳҳои табобати он маълумот медиҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ