Тоҷикистон ва Узбекистон “Боғи дӯстӣ” – и муштарак бунёд мекунанд
Бо мақсади таҳкими дӯстӣ ва шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар шаҳри Душанбе “Боғи дӯстӣ” бунёд мешавад.
Ин лоиҳа на танҳо рамзи муносибатҳои бародарӣ байни ду кишвар аст, балки дар таъмини устувории экологӣ ва рушди кишоварзӣ низ нақши муҳим мебозад.
Ба иттилои расонаҳои узбекӣ, лоиҳаи мазкур дар доираи сафари директори Агентии рушди саноати кишоварзии Узбекистон ба Тоҷикистон ва вохӯрӣ бо муовини якуми вазири кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ Маҳмадулло роҳандозӣ карда шуд.

Дар ҷараёни гуфтушунид тафсилоти лоиҳаи боғ муҳокима шуда, чораҳои татбиқи он муайян карда шуданд.
Ҳайат инчунин ба қитъаи барои лоиҳа ҷудошуда дар Душанбе ташриф оварда, марҳилаҳои татбиқи онро таҳлил карданд. Дар натиҷаи вохӯрӣ тавсияҳои зарурӣ таҳия карда шуданд ва ҳамон рӯз татбиқи амалии лоиҳа оғоз ёфт.
Бояд гуфт, ки лоиҳаи “Боғи дӯстӣ” на танҳо ташаббусҳои экологӣ ва аграриро таҷассум мекунад, балки робитаҳои амиқ ва бисёрсолаи халқҳои бародари Тоҷикистон ва Узбекистонро ифода намуда, барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун дурнамои нав фароҳам меорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ