Дар Суғд Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил гардид
Дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар он дастовардҳои соҳа натиҷагирӣ шуда, як қатор кормандони тиб барои фаъолияти пурсамар қадрдонӣ шуданд.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустӣ дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хос дошта, бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди инфрасохтори тиббӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, омода намудани кадрҳои соҳибихтисос ва муҷаҳҳазсозии муассисаҳои тандурустӣ тадбирҳои муҳим амалӣ мешаванд.
Зикр гардид, ки танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ барои соҳаи тандурустии вилояти Суғд 615,4 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.
Айни замон дар муассисаҳои тиббии вилоят 30 ҳазору 473 нафар фаъолият доранд. Аз ин шумора 5 ҳазору 499 нафар табиб ва 18 ҳазору 997 нафар корманди миёнаи тиб мебошанд.


Дар шаш моҳи соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои муассисаҳои тандурустии вилоят 532 адад таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ харидорӣ шудааст.
Ҳамчунин, ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар соли равон таъмиру бунёди 106 муассисаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин давра як қатор иншооти муҳими тиббӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ҷумла, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ бо 154 кат, Беморхонаи №6-и деҳаи Далёни Болои ноҳияи Деваштич бо 40 кат ва бинои иловагии Маркази солимгардонии «Соҳил» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо 100 кат ба истифода дода шуданд.
Инчунин, таваллудхона ва бунгоҳи тиббӣ дар деҳоти Ворух, ду муассисаи хусусӣ дар ноҳияи Мастчоҳ, як муассисаи хусусӣ дар шаҳри Хуҷанд ва Беморхонаи минтақавии деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ бо 20 кат мавриди истифода қарор гирифтанд.
Дар маҷмуъ, дар ин давра дар вилояти Суғд 19 бинои муассисаҳои тандурустӣ сохта ба истифода дода шуда, дар 15 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд. Ҳамзамон, 37 иншооти соҳа таъмир гардида, дар 35 иншооти дигар корҳои таъмиру навсозӣ ҷараён доранд.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, ҳоло дар вилояти Суғд 946 муассисаи давлатии тандурустӣ, аз ҷумла 136 муассисаи госпиталӣ ва 810 сохтори кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ фаъолият мекунанд. Ҳамчунин, 295 муассисаи хусусии тиббӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Шаҳло Сайфуллозода аз номи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода кормандони соҳаро бо иди касбиашон табрик намуд.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор кормандони соҳаи тандурустӣ барои фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар ҳифзи саломатии аҳолӣ ва хизматҳои шоиста бо мукофотҳои давлатӣ, соҳавӣ ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Ҷамъомади тантанавӣ бо барномаи фарҳангии идона анҷом ёфт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ