Дар сӯхтори бозори қисмҳои мошин дар Душанбе 74 нуқтаи савдо зарар дид
Шаби 5-уми феврал дар бозори фурӯши қисмҳои эҳтиётии мошин, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (кӯчаи Ҷанубӣ-1), сӯхтор ба амал омад. Ин нуқтаҳои савдо ба ҶДММ «Маҳмадуллои Давлат» тааллуқ доранд.
Тибқи иттилои Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, оташ ду растаи савдо ва 74 нуқтаи фурӯшро дар масоҳати тақрибан 2000 метри мураббаъ фаро гирифтааст. Сӯхтор соати 00:10 пурра хомӯш карда шуд.
Барои хомӯш намудани оташ 22 мошини оташнишонӣ, беш аз 200 корманди мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин техникаи воҳидҳои махсус ва мошинҳои ёрирасони обкашонӣ сафарбар гардиданд.
Сабаби сар задани сӯхтор ва ҳаҷми зарари молӣ то ҳол муайян нашудааст. Мақомот мегӯянд, таҳқиқи ҳодиса идома дорад ва натиҷаҳо баъдан эълон хоҳанд шуд.
Наворҳои сӯхтор дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, вокуниши зиёди корбаронро ба миён оварданд.
Видео дар телеграмканали Pressa.tj
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ