Корвони нави кӯмакҳои Тоҷикистон ба Ғазза меравад
Ба наздикӣ корвони нави кӯмакҳои Тоҷикистон ба Навори Ғазза равона хоҳад шуд. Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 6 феврал зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Вазир гуфт, ки корвони нави кӯмакҳо тариқи Ҷумҳурии Арабии Миср ба Навори Ғазза расонида хоҳад шуд.
“Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини сар задани низоъ дар Навори Ғазза давоми солҳои 2024-2025 пайваста кӯмакҳои башардӯстонаю молиявиро ба мардуми мазлуми Ғазза мерасонад”, – гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ