Дар Тоҷикистон рӯзи 9 март низ таътил мешавад

Мувофиқи қонуни Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, агар ҷашни расмии давлатӣ ба рӯзи истироҳат рост ояд, рӯзи баъдии корӣ низ истироҳат эълон мегардад.

Азбаски имсол 8-уми март ба рӯзи якшанбе рост меояд, рӯзи душанбеи 9-уми март низ рӯзи истироҳатӣ хоҳад буд. Дар ин бора аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамин тавр, барои онҳое, ки дар як ҳафта панҷ рӯз кор мекунанд, се рӯзи пайиҳам: 7, 8 ва 9-уми март рӯзҳои истироҳат хоҳанд буд. Барои кормандоне, ки шаш рӯзи корӣ доранд, танҳо 8 ва 9-уми март рӯзҳои истироҳат ҳисоб мешаванд.

Ин тартиб ба хонандагон ва донишҷӯён низ дахл дорад. Хонандагони синфҳои болоӣ (аз синфи 5 то 11) ва донишҷӯён рӯзи шанбеи 7-уми март дарс мехонанд ва танҳо рӯзҳои 8 ва 9-уми март истироҳат мекунанд.

📱 Pressa.tj

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *