Дар Тоҷикистон то 7 июл ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Аз 3 то 7 июл дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои гарм ва хушк пешбинӣ мешавад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, сабаби баландшавии ҳарорат ворид шудани ҳавои гарму хушк аз самти ҷанубу ғарб мебошад. Дар ин рӯзҳо дар баъзе минтақаҳо ҳарорат ба +47 дараҷа гармӣ мерасад.
Ҳарорати ҳаво дар минтақаҳо чунин пешгӯӣ мешавад:
-Водии Хатлон: +42° то +47°C
-НТҶ (водӣ): +39° то +44°C
-Водии Суғд: +38° то +43°C
-Минтақаҳои доманакӯҳӣ: +35° то +40°C
-Минтақаҳои кӯҳӣ: +34° то +39°C
Дар натиҷаи гармшавии шадид обшавии босуръати барфу пиряхҳо ба назар мерасад, ки эҳтимоли омадани селҳои пиряхиро дар ноҳияҳои кӯҳии ВМКБ, вилояти Суғд ва НТҶ зиёд менамояд. Ин ҳолат метавонад боиси баланд шудани сатҳи об дар дарёҳои кӯҳӣ гардад.
Тавсия ба аҳолӣ:
Аз сафар ба минтақаҳои осебпазири кӯҳӣ худдорӣ намоед.
Аз соати 11:00 то 16:00 аз гаштугузор дар зери офтоби сӯзон парҳез кунед.
Бештар об, афшураҳо ва нӯшокиҳои табиӣ бинӯшед.
Аз нӯшидани нӯшокиҳои ширин ва спиртӣ худдорӣ намоед.
Либоси сабук ва аз матои табиӣ пӯшед.
Табибон тавсия медиҳанд, ки кӯдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила ва шахсони дорои бемориҳои музмин бояд зери назорати ҷиддӣ бошанд, зеро мавҷи гармӣ метавонад ба саломатии онҳо хатар эҷод намояд.
Дар ҳолати сарчархзанӣ, ташнагии шадид, дарди сар ва ё беҳолӣ – фавран ба муассисаи тиббӣ муроҷиат намоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ