Уммон ва Малайзия ба CAFA Nations Cup 2025 даъват шуданд

Аз 29-уми август то 8-уми сентябр таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дуюмин мусобиқаи байналмилалии «CAFA Nations Cup» баргузор мешавад, ки дар он дастаҳои меҳмон – Уммон ва Малайзия даъват шудаанд.

CAFA расман баргузории дуюмин мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои миллии мардонаро эълон кард. «CAFA Nations Cup 2025» бо ширкати шаш тими минтақа – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон ва ду тими даъватшуда – Уммон ва Малайзия доир мешавад. Қуръакашии мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» рӯзи 3-юми июл соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Бозиҳо дар гурӯҳи «А» дар Тошканд ва бозиҳо дар гурӯҳи «В» бо ширкати мунтахаби Тоҷикистон дар Ҳисор сурат мегиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *