Издивоҷи 122 шаҳрванди Тоҷикистон бо хориҷиён

Соли гузашта 122 ҳолати ақди никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин бора аз Вазорати адлияи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тибқи қонунгузории амалкунанда, шаҳрванди хориҷӣ танҳо дар сурате метавонад бо шаҳрванди Тоҷикистон ақди никоҳ бандад, ки на камтар аз як сол дар ҳудуди кишвар иқомати доимӣ ё муваққатӣ дошта бошад. Ҳамчунин, пеш аз бақайдгирии расмии никоҳ, тарафҳо бояд шартномаи ақди никоҳро ба имзо расонанд.

Талаботи дигар ин аст, ки ҳамсари хориҷӣ барои шарики худ аз Тоҷикистон бо манзили зист таъмин намояд.

Ба гуфтаи мақомот, ин меъёрҳо бо ҳадафи танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ ва ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандони кишвар пешбинӣ шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *