Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ермек Кошербаев

16 феврал Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ермек Кошербаевро, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

“Сарвари давлат дар оғози мулоқот ташрифи Вазири корҳои хориҷии кишвари дӯстро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таваҷҷуҳи пайвастаи ҷониби Тоҷикистонро ба масъалаҳои таҳкиму тавсеаи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии ду кишвар дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимод ба якдигар таъкид карданд”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон.

Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ермек Кошербаев дар навбати худ аз пазироии гарм изҳори сипос карда, саҳми шоёни Пешвои миллатро дар рушди пайвастаи ҳама ҷанбаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон таъкид кард.

Дар ҷараёни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои гуногун муҳокима шуданд.

Пешвои миллат аз ҷараёни рушди ҳамдастии ду давлат изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳамияти идомаи муколамаи пайвастаи сиёсиро барои такони тоза бахшидан ба робитаҳои ҷонибҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, гуманитариву фарҳангӣ, амният ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак зикр карданд. Дар ин зимн, ҷадвали мулоқоту тамосҳои дарпешистодаи ҷонибҳо дар сатҳи олӣ баррасӣ гардид.

Ҳамчунин, мубодилаи афкор доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба дар чорчӯби сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *