Боздошти Абдулло Асламов бо гумони таълими ғайриқонунии динӣ ва азобу уқубати 13 ноболиғ
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе (РВКД) аз боздошти як мард бо гумони таълими ғайриқонунии динӣ ва озору азияти ноболиғон хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, Абдулло Асламови 48-сола, сокини ноҳияи Вахш дар шаҳри Душанбе 4 фарзанди худ ва 9 кӯдаки дигарро ба таълими динӣ ҷалб карда, онҳоро аз ҳуқуқи таҳсил дар муассисаҳои таълимии умумӣ маҳрум намудааст.
Ба гуфтаи мақомот, гумонбар танҳо маълумоти миёна дошта, таълимоти диниро назди бародараш омӯхтааст. Ӯ қаблан дар яке аз масҷидҳои ноҳияи Вахш ба ҳайси имомхатиб фаъолият дошта, соли 2014 барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. Худи ӯ дар наворе, ки аз ҷониби мақомот нашр шудааст, иқрор мекунад, ки барои истеъмоли афюн боздошт гардида буд.
Тибқи маълумоти РВКД, гумонбар чанде пеш ба пойтахт омада, манзилеро бо маблағи 10 ҳазор сомонӣ ба иҷора гирифтааст ва бар ивази 3 ҳазор сомонӣ ба ноболиғон таълими Қуръон медодааст.


Мақомот мегӯянд, аксари кӯдакон аз 3 то 8 моҳ бо волидайни худ тамос надоштаанд. Яке аз падарон дар навор тасдиқ мекунад, ки панҷ моҳ боз фарзандашро надидааст.
Ҳамчунин, зимни тафтиш муайян шудааст, ки кӯдакон дар шароити ғайрисанитарӣ нигоҳ дошта мешуданд. Ба гуфтаи мақомот, онҳо ба бемориҳои гуногун гирифтор шуда, борҳо гурусна мондаанд ва ба корҳои вазнини хонагӣ, аз ҷумла тозакунии ҳаммом ва ҳоҷатхона, ҷалб мегардиданд.
Худи гумонбар иқрор кардааст, ки дар сурати омода накардани дарсҳо кӯдаконро “бо химча” ба даст ё пой мезадааст.
Ба иттилои РВКД, нисбат ба Абдулло Асламов бо моддаҳои 117 (азобу уқубат) ва 164 (монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ӯ ҳоло дар боздошт қарор дорад.
Илова бар ин, нисбат ба 9 падару модари кӯдакон бо моддаи 164-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.
Тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ