Даргузашти ҳунарпешаи маъруфи тоҷик Тоҷинисо Саидова
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, актрисаи маъруфи театр ва кино Тоҷинисо Саидова аз олам даргузашт.
Тоҷинисо Саидова 11 октябри соли 1953 дар ноҳияи Муъминобод ба дунё омадааст. Соли 1975 Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи шаҳри Москва ро хатм намуда, фаъолияти ҳунарии худро дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ оғоз кардааст. Солҳои 1975–1991 дар ин театр фаъолият дошт ва аз соли 1991 дар театр-студияи «Оина» ҳунарнамоӣ мекард.
Ин ҳунарпешаи маҳбуб бо иҷрои нақшҳои хотирмон дар намоишномаҳои «Интихоби домод», «Исёни арӯсон», «Садо аз тобут», «Эдип», «Имтиҳон» ва дигар асарҳои саҳнавӣ миёни тамошобинон маҳбубият пайдо кардааст. Ӯ ҳамчунин дар чандин филмҳои тоҷикӣ, аз ҷумла «Хатти парвоз», «Дар ҷарӣ», «Қӯшатир», «Марди мутааллиқи ду зан» ва «Муҷассамаи ишқ» нақш офаридааст.
Соли 1996 бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 2006 бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ