Даргузашти духтари Ҳаддоди Одил дар ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар пайи ҳамлаи Исроилу Амрико ба Эрон дар баробари раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алии Хоманаӣ – келинаш Заҳро, ки духтари Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, раиси Фарҳангистону забону адаби форсӣ низ ба шаҳодат расидааст.

Заҳро ҳамсари Муҷтабо Хоманаӣ фарзанди аршади Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ ва яке аз номзадҳои эҳтимолӣ ба курсии раҳбарии Ҷумҳурии Исломӣ буд. Сарнавишти Муҷтабо ҳанӯз номаълум аст. Бархе расонаҳо аз шаҳодати ӯ хабар медиҳанд, вале манобеи расмӣ онро тасдиқ ё рад накардааст.

Ҳаддоди Одил дар суҳбат ба Садову Симои Эрон гуфтааст, ки духтараш дар роҳи инқилоб шаҳид шуд.

Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил чеҳраи номошно дар ҷомеаи илмиву фарҳангии Тоҷикистон аст. Ӯ сиёсатмадор ва донишманди маъруфи эронӣ буда, як муддат раиси Парлумони Эрон буд. Ҳоло Раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ ва Узви Маҷмааи ташхиси маслиҳати низом аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *