Даргузашти Худогӯ, паҳлавони номии тоҷик дар Ванҷ
Худогӯ Ҷумъаев, паҳлавони номдори тоҷик дар синни 70-солагӣ дар зодгоҳаш, деҳаи Удоби ноҳияи Ванҷ даргузашт,- хабар доданд наздиконаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Худогӯ Ҷумъаев аз нахустин устодони варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар риштаи самбо аз Тоҷикистон буда, 15 бор қаҳрамони ҷумҳурӣ дар ин навъи варзиш шудааст. Ӯ ки дар вазни беш аз 80 кило қувваозмоӣ мекард, ба унвони яке аз майдондорони асосии Тоҷикистон дар солҳои 70-90-уми асри гузашта ёд мешавад.
Бар асоси ҳолномаи Ҷумъаев, ки сомонаи «Vanj.info» нашр кардааст, ӯ умрашро ба тарбияи насли наврас бахшидааст. Дар феҳрасти шогирдони Ҷумъаев Эргаш ва Шер Маҳмадбековҳо, устодони варзиши федератсияи Русия зикр мешаванд, ки худашон низ чандин қаҳрамони сатҳи ҷаҳониро тарбия намудаанд.
Шарҳ