Даргузашти муаррихи машҳур профессор Мирбобоев

Имрӯз, 11 ноябр дар шаҳри Хуҷанд, доктори илми таърих, профессор Абдуллоҷон Мирбобоев аз олам даргузашт.

Номбурда, яке аз олимони маъруфи тоҷик буд, ки дар таҳқиқи мадрасаҳои Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштааст. Муаррихи тоҷик, профессор Луқмон Бойматов марги Мирбобоевро талафоти калони илми тоҷик унвон кард.

Абдуллоҷон Мирбобоев, зодаи шаҳри Хуҷанд буда, соли 1969 аз факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин фориғ ут-таҳсил шуда, сипас дар Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуда ва беш аз сӣ соли умри хешро дар ин конуни илмӣ сипарӣ кард.

Соли 2000 ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳайси профессор ба кор шурӯъ карда, аз соли 2002 мудири кафедраи бостоншиносӣ ва мардумшиносии факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ- ро бар ҳда доштанд.
Устод Мирбобоев яке аз бостоншиносони муваффақ маҳсуб меёбад. Эшон ҳанӯз солҳои 1971-1974 дар ҳайати байналмилалии муштараки бостоншиносии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Афғонистон дар ҳафриёти шимоли давлати ҳамсоя ширкат варзид.

Фаъолияти илмии эшон дар таҳқиқи осори хароба, кушку оташкадаҳои Истаравшан, силсилаосори қадимаи Хуҷанд, Исфара ва дигар маҳалҳо саҳм гирифтааст, бобати фарҳангшиносӣ ва этнологияи таърихии Суғду Фарғона, таърихи мадрасаҳо дар Мовароуннаҳру Хуросон ва ғ. басо рӯшананд.

А. Мирбобоев яке аз муаллифони аслии «Таърихи халқи тоҷик» (шаш ҷилд ба забони русӣ) маҳсуб ёфта, дар маҷмӯъ соҳиби наздик ба 800 осори илмӣ ва оммавӣ мебошад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.