«Даркор 59» — маъмултарин тарофаи нақшавии «Даркор» аз Tcell!

Ҳамагӣ ду ҳафта қабл аз ин ширкати Tcell тарофаи нақшавии нав таҳти унвони “Даркор”-ро муаррифӣ ва роҳандозӣ кард. Аммо тайи ин муддати кӯтоҳ муштариёни зиёде ба тарофаҳои “Даркор” пайваст гардида, миёни ин тарофаҳои нақшавӣ аллакай маъмултаринаш- тарофаи “Даркор 59” маҳсуб ёфта, буда, дар мақоми дуввум тарофаи “Даркор 99” қарор дорад. 

Дар ҷадвали тарофаҳои «Даркор» аз Tcell – 6 тарофаи нақшавӣ, ки бо мушаххасоти худ аз якдигар тафовут доранд, мавҷуд мебошад: бо бастаҳои гуногуни интернету мегабайт, трафик ва дақиқаву SMS-паёмакҳо.

 «Даркор» ҳамчун тарофаи универсалӣ барои одамоне, ки ҳамеша дар иртибот буданро мехоҳанд, роҳандозӣ шудааст: ҳам барои корбарони интернет, ки ҳисоб кардани трафику мегабайтҳоро одат накардаанд ва ҳам барои онҳое, ки зиёд занг мезананду паём менависанд. Тарофаҳои «Даркор» — бастаҳои калони Интернет ва бастаи дақиқаҳои занг дар дохили Тоҷикистонро доранд. Тамос (занг)-ҳо дар дохили шабакаи Тсеll бошанд, бемаҳдуд ва нархгузорӣ намешаванд.

Ҳамин тавр, «Даркор» — дар ҳақиқат тарофаи «Зарурӣ» дар ҳама ҳолат ва барои ҳама аст, ҳам барои тамос, барои истифодаи Интернет ва низ барои гуфтугӯ дар дохили шабакаву паёмнависӣ.

То имрӯз миёни тарофаҳои мазкур аз ҳама маъмули он «Даркор 59» ба ҳисоб меравад, зеро муштариён ба ин намуди тарофа авлавияти бештар медиҳанд. Ҳамагӣ бо 59 сомонӣ дар як моҳ шумо соҳиби 3000 МБ трафики интернет, 30 дақиқаи занг ба рақами дигар операторон ва тамоси комилан бе лимит дар дохили шабакаи Tcell мешавед! Барои намуна, 3000 МБ – ин 6 соат бетаваққуф тамошои видео дар Youtube, 60 соат бозии онлайн ва 35 соати “сайру гашт” дар шабакаҳои иҷтимоӣ аст.

Тарофаи «Даркор 99», ки пас аз “Даркор 59” маъмул аст, ҳаҷми бештари интернет ва бастаи дақиқаҳоро дорад. Бо 99 сомонӣ дар як моҳ ин тарофа ба муштарӣ 8000 МБ трафики интернет, 80 дақиқаи зангҳо ба дигар операторон ва тамоси бе лимит дар дохили шабака пешниҳод менамояд. 8000 МБ барои боргирии 2250 оҳангу мусиқӣ, 14 серияи филми дӯстдошта ва 180 китоби савтӣ (аудиокитоб) басанда аст!

«Мо албатта ба ҳайрат науфтодаем, ки миёни тарофаҳои “Даркор” муштариён авлавияти бештарро ба тарофаҳои нақшавии  «Даркор 59» ва  «Даркор 99» медиҳанд. Ин ду тарофа аз шумули тарофаҳои камарзиш нестанд, аммо дар баробари ин басатҳои калони интернет ва дақиқаву паёмакҳоро доранд. Дар замони мо, иртиботу интернет, гӯш кардани мусиқӣ, тамошои филм ва ирсоли паёмакҳо аз талаботи асри диҷитол мебошанд. Вобаста ба ин, муштариёни мо бештар тарофаҳоеро меписанданду ба он пайваст мешаванлд, ки бастаҳои бештари интернет ва дақиқаву зангҳои белимитро доранд”,- қайд мекунанд дар ширкати Тселл.   

Дар ҷадвали тарофаҳои «Даркор» ҳар муштарӣ метавонад барои худ тарофаи зарурӣ ва мақбулашро интихоб намояд: яъне, аз «Даркор 19» то «Даркор 199».

Тафсилоти бештарро дар бораи тарофаҳо аз пайванди зер дар сомонаи ширкат пайдо мекунед: http://www.tcell.tj/new-tariffs/tariff-darkor.php

___________________

 Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED — Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *