Падарарӯсӣ қотил зиндонӣ шуд

Додгоҳи Ховалинги вилояти Хатлон Сафар Носиров, сокини 55-солаи ин ноҳияро бо ҷурми қатли келини хонавода Шаҳноза Абдураззоқова 13 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Як манбаъ дар Додгоҳи ноҳияи Ховалинг рӯзи 17-уми октябр гуфт, ҳукми Носиров аввали моҳи октябр содир шуда ва аллакай мавриди иҷро қарор гирифтааст. «Додситон барои ин ҷурм ба Сафар Носиров 14 сол зиндон хоста буд. Додрас баъзе паҳлӯҳои сабуккунандаро ба назар гирифта, 13 сол ҳукм дод. Парванда бар асоси моддаи 104, яъне «одамкушӣ» таҳқиқ ва муҳокима шуд», — афзуд ҳамсуҳбати мо.

Сафар Носиров, сокини деҳаи Садбаргои ноҳияи Ховалинг, рӯзи 18-уми майи имсол Шаҳноза Абдураззоқова, арӯси 28-солаи хонаводаро бо роҳӣ буғӣ кардан ба ҳалокат расондааст. Ин зан ду сол пеш ба ин хонавода келин шуда буд ва дар вақти ҳодиса тифлаш думоҳа буд.

Сӯҳроб Абдураззоқов, бародари Шаҳноза Абдураззоқова, рӯзи 17-уми октябр гуфт, Сафар Носиров дар додгоҳ ба гуноҳаш иқрор карда, изҳори пушаймонӣ намудааст. «Мо дигар хоҳарамонро аз он дунё баргардонда наметавонем. Муҳим ин аст, ки додгоҳ ӯро ҷазо дод. Ҳоло кӯдаки хоҳарам дар дасти мост ва ин ягона нишона аз ӯст. Дигар даъво надорем», — афзуд ӯ.

Сафар Носиров дар пурсишҳои ибтидоӣ гуфта буд, ки келинашро «барои гапгардонӣ ва саркашӣ аз фармонҳояш» ба қатл расондааст. Ӯ гуфта буд, рӯзи 18-уми май келинаш таппакҳои чидаро дар оғилхона чаппа кард ва хоҳиши ӯро барои дубора дуруст кардани таппакҳо рад намуд. Ин ҳодиса гӯиё боис ба хашми падарарӯс шудааст.

Мард гуфтааст, азбаски арӯси хонадон пайваста чунин корҳоро такрор мекард, ин бор тоқат накард ва ӯро кушт.

Умед Носиров, писари ин мард ва ҳамсари Шаҳноза қаблан гуфт, воқеан падараш бо ҳамсараш мушкил дошт. Умед гуфт, замони содир шудани куштор ӯ дар шаҳри Бохтар қарор дошт ва натавонист аз фоҷиа ҷилавгирӣ кунад. Ба қавли Умед Носиров, хусумати падар бо ҳамсараш баъди он шурӯъ шуд, ки рӯзе баъди ҷомашӯӣ мағзобаро зери як дарахте рехт. Баъди ин ҳодиса хусур келинашро “бад дид”.

Ин бори аввал нест, ки дар минтақаи Кӯлоб келин аз сӯи хусур ба таври бераҳмона кушта мешавад. Дар соли 2015 Саид Аҳмадови 55-сола, келини 23-солаашро бо панҷ зарби корд кушта буд. Баъди боздошт ва таҳқиқи ҳодиса додгоҳи минтақаи Кӯлоб Саид Аҳмадови 55-соларо барои қатли келинаш нуздаҳ сол аз озодӣ маҳрум кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *