Оғози озмуни Ҷоизаи ба номи Муродуллоҳ Шерализода

НОН ҲАМ НОНУ НОНРЕЗА ҲАМ НОН
Озмун барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Муродуллоҳ Шерализода оғоз шуд!

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон ” барои дарёфти ҷоизаи ба номи Муродуллоҳ Шерализода барои солҳои 2018-2019 озмун эълон мекунад. Озмуни имсола ба мавзӯъи бисёр муҳим сарфаву сариштакорӣ ва нақши он дар рӯзгори мо бахшида шудааст.
Нон муқаддас аст, нон сарчашмаи ҳаёт аст, нон доштан ном доштан аст. Нон барои тамоми халқҳои ҷаҳон ҳамвазни китоби муқаддас аст. Қадр кардани он баракат ба ҳар хонадон меорад. Беэҳтиромӣ ба он баракатро аз кафи даст берун месозад. Аз ин ҷост, ки ниёкони мо дар бораи нон ҳазорҳо тамсилу ривоятҳо гуфтаанд, бузургони адабиёти ҷаҳон шеъру ҳикоятҳо офаридаанд. Ривояти ба замин афтодани мағрезаи нони дасти марди савори шутурро хондаед? Ӯ аз шутур поён мешавад, мағзрезаи уфтодаи нонро меҷӯяд. Чун пайдо намекунад, дар ҷои афтодаи мағзреза мазоре бунёд мекунад, ки то роҳгузаре нонро зери по накунад. Ривоят мекунанд, ки он мард баъд аз чунин амал яке аз доротарин фарди Машриқзамин шудааст. Дар ин ривоят рамзе ҳаст. Рамзи сарфакорӣ. Рамзи эҳтиром, донистани қадри он чӣ, ки доред. Мағзреза ин на танҳо пораи нони дар кӯча, партовгоҳ афтода, балки сарфаи ҳар дирам, ҳар ваҷаби замин, ҳар қатраи об, ҳар рубли бо сад заҳмату мушкилот ба даст овардаю ба Ватан фиристодаи муҳоҷир, ҳар сомонии аз банк қарз гирифта, пули ҳар дақиқаи дар телефони мобилӣ сарфкардаи шумост.
Аз ин ҷо номи озмун «Нон ҳам нону нонреза ҳам нон» рамзист!
Ҳадафи озмун бо ҳикоят, ривоят, мушоҳидаҳо, хотирот, шеърҳо ва дигар навиштаҷоти қаламкашон ҳидоят ба сарфаю сарфакорӣ аст. Он бо сӯзан ҷамъ овардану бо шоха ба бод додан гуноҳ, ҷинояти дар қонун сабт ношуда мебошад.
Пешниҳоди матолиб то 15 апрели соли 2019.
Ғолиби озмун сазовори Ҷоизаи махсуси ҳафтаномаи
«Тоҷикистон» – Нишони сарисинагии ба номи М. Шерализода, дипломи ғолиби озмун ва 2000 (ду ҳазор) сомонӣ мегардад.
Матолиби худро ба суроғаи зерин фиристед:
ш.Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, Маҷмааи табъу нашри “Шарқи озод”, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва ё почтаи электронии [email protected] ирсол намоед.

Телефон барои маълумот: 238- 54- 51

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *