Маҳфили шеъри Ноҳид

Имрӯз санаи 19-уми октябр дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили эҷодии шоири шинохта Ноҳиди Фозил баргузор мегардад.

Дар маҳфили мазкур эҷодиёти шоира мавриди таҳлилу барассии адибон ва олимон қарор гирифта, ашъори тозаи шоира қироат хоҳад шуд. Ҳамчунин, китоби нави Ноҳид “Тасбеҳ” рӯнамоӣ мешавад.

Сарояндагони маъруфи кишвар Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев, Муҳаррамаи Шариф ва ситораҳои эстрадаи тоҷик Зиёвиддини Нурзод ва Шаҳзоди Даврон аз эҷодиёти шоира сурудҳо мехонанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *