Дарси зеҳни сунъӣ дар мактабҳои Тоҷикистон
Аз 1-уми сентябри соли равон дар зиёда аз 100 мактаби кишвар дарсҳои иловагии зеҳни сунъӣ – “Искуственний интелект” ҷорӣ карда мешаванд. Ташаббуси мазкур аз ҷониби Шурои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.
Гуфта мешавад, ки дарси зеҳни сунъӣ ба рӯйихати дарсҳои ҳатмӣ ворид нашудааст, аммо хонандагони синфҳои 10 ва 11 имкон доранд ҳафтае як маротиба ба таври ройгон нозукиҳои зеҳни сунъиро дар мактаб омӯзанд.
Ин қадами нахустин буда, минбаъд ба барномаи мактабӣ боз як фанни нави дарсӣ – “Асосҳои зеҳни сунъӣ” ворид карда мешавад.
Аз 100 мактабе, ки гузаронидани дарсҳои иловагии зеҳни сунъӣ ба нақша гирифта шудааст, 60 мактаб дар пойтахт ва 40 мактаб дар шаҳру навоҳии дигари ҷумҳурӣ қарор доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ